Шаҳринав: мавзеъҳои нотакрори «Тахти Сулаймон» ва «Обиборик» таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намудаанд

Мавзеъҳои зебоманзари «Пушти миёна», «Патру», «Ҳакимӣ», «Обиборик», «Тахти Сулаймон», кӯлҳои «Темурдара», «Париён», «Ҷувозак» ва истироҳатгоҳи муолиҷавии Қаратоғ барои рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Шаҳринав нақши муассир бозида, барои сайру саёҳат маконҳои беҳтаринанд. Аз ин рӯ онҳо таваҷҷуҳи садҳо нафар сайёҳони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.

Ноҳияи Шаҳринав  дорои боду ҳавои мусоид, меваҳои шаҳдбор, манзараҳои нотакрори табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳо, обҳои ширини шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш, ҳайвоноту наботот, як олами нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Аз ин рӯ, дар он сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, зиёратӣ, таърихию фарҳангӣ ва шикору моҳидорӣ рушд ёфта, ҳамасола ба маконҳои зебоманзари ноҳия сайёҳони ватанию хориҷӣ ташриф меоранд.

Ин матлаб дар ҳамоише, ки дирӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия оид ба рушди сайёҳии экологӣ  баргузор гардид, зикр шуд. Дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, масъулини сохторҳои марбути соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, ҳунармандон ва фаъолони ҷомеа ширкат доштанд.

Дар ҳамоиш  масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани касбият ва тахассуснокии масъулини соҳа, таҳти назорати қатъӣ қарор додани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммом, мабразу дастшӯйгоҳҳо бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, бунёди пойгоҳҳои кӯҳнавардӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори деҳот, дар мазеъҳои кӯҳӣ сохтани меҳмонхонаҳои хурди қабули сайёҳон, ташкили омӯзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти рекламаҳои иҷтимоӣ, ташаккул ва бизнеси сайёҳӣ, ташкили иқлими мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: