Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Панҷакент гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Муҷассама дар маркази шаҳр дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, аз ҷониби ҳайкалтарош Мансур Ҳоҷибоев бо санъати баланд омода гардидааст.

Баландии муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Панҷакент бо дарназардошти таҳкурсӣ 12 метрро дар бар гирифта, бо сангҳои хорои ватанӣ оро ёфтааст.

Аз ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.

Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Бо шинонидани гулу дарахтони ороишиву сояафкан ва майсазор намудани атрофи муҷассама, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии хоса зам гардид.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва паймонкори он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Су-3” — и шаҳри Панҷакент мебошад.

Бо қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Панҷакент барои сайругашти сокинон ва меҳмонон боз як мавзеи дилфиреб фароҳам шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: