Ҳавасмандии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар Рӯзи пойтахт

Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 апрели соли 2017 «Дар бораи ҷудо намудани маблағ» ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ барои ҳавасмандгардонии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
Мукофоти молии Раиси шаҳр имрӯз дар ҷашни Рӯзи пойтахт ба роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе супорида шуд.

АМИТ "Ховар"