Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд дар маросими ба истифода додани Маркази савдою хизматрасонии «Хуҷанд Плаза» иштирок намуданд.
Маркази савдою хизматрасонии «Хуҷанд Плаза» бо саҳму иқдоми соҳибкори ватанӣ Шавкат Аюбов бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Лоиҳаи иншооти мазкур, ки аз 2 қисми 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён КС» таҳия гардида, бо қувваи коргарону мутахассисони ширкати «Нанотех М»-и шаҳри Хуҷанд бо тарҳу намуди хоса сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маркази савдою хизматрасонии соҳибкорӣ таъкид доштанд, ки ба ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд. Дар иҷрои амалҳои бунёдкорӣ соҳибкорони ватандӯст саҳми арзанда доранд.
Сарвари давлат ҳамзамон изҳор намуданд, ки бо чунин дастовезҳои арзанда ҷашни мубораки миллиамон истиқбол гирифта мешавад.
Дар ошёнаи 1-уми марказ толори ҳусн, мағозаи фурӯши либоси тӯёна, қаҳвахона, дар ошёнаҳои 2-юму 3-юм тарабхонаҳо ҷойгир шуда, дар ошёнаи 4-ум маркази бозию шуғли кӯдакон таъсис меёбад.
Дар толори қаҳвахонаи «Хуҷанд Плаза» нахустин чорабинӣ – мулоқоту суҳбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 50 нафар кӯдакони ятим аз шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Сарвари давлат бо ин кӯдакон, ки бо ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, самимона, бо меҳри падарона аз наздик суҳбат намуданд.
Пешвои миллат ба ҳар яки ин фарзандон туҳфаҳо – сару либос ва маблағ тақдим карданд.
Кӯдакони ятим доимо аз ғамхории падаронаи Сарвари давлат бархӯрдоранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ худро яккаву танҳо ҳис намекунанд, дар симои Роҳбари давлат пушту паноҳ ва саробону сарпарасти худро доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бори дигар дастуру супориш дода, таъкид намуданд, ки рӯзгору таҳсили кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд то ба воя расиданашон таҳти назорату ғамхории доимӣ бошад.
Сарвари давлат дархосту хоҳиши ин фарзандонро гӯш карда, онҳоро дилпур сохтанд, ки ҳамеша дастгиру пуштибонашон мебошанд.
АМИТ «Ховар»