ОМОРИ COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 62,7 ҳазор нафар гардид

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия ба 62 ҳазору 773 нафар расид. Давоми рӯз дар ин давлат 4 774 ҳолати нав ошкор гардида, теъдоди беморони шифоёфта 4 891 нафар ва шумораи фавтидагон 555 кас мебошад. Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Россия дар ҷаҳон дар ҷойи 10-ум қарор дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 7 281 ва 7 170 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 58 нафар фавтида ва 769 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 187 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 504 нафар табобат шуда, ба манзили зист баргаштанд.

Дар Молдова 2 778 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 560 нафар шифо ёфтаанд ва 75 каси дигар вафот кардаанд.

Дар се давлати Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шумораи беморон мутаносибан 2 191,  1 716 ва 631 нафарро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон нисбат ба ду давлати дигари минтақаи Осиёи Марказӣ нишондоди фавти беморони гирифтор ба коронавирус бештар аст – 20 нафар. Дар он аз шумораи умумии сироёятшудагон 536 нафар шифо ёфтаанд. Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 454 нафарро ташкил дода, 7 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 302 нафар табобат шуда, 7 каси дигар фавтидаанд.

Шумораи мубталоёни навъи нави коронавируси COVID-19 дар Арманистон имрӯз 50 нафар зиёд шуда, ба 1 523 нафар расид. Дар он 659 нафар шифо ёфта, 24 каси дигар вафот кардаанд.

Дар Озарбойҷон нишондоди гирифторони ин беморӣ 1 518 нафар буда, аз онҳо 907 нафар табобат шудаанд ва 20 кас фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 176 нафар буда, 166 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 40 тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 646 ҳазору 424 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 184 ҳазору 353 нафар вафот карда, 723 ҳазору 713 кас шифо ёфтаанд ва 58 ҳазору 222 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (849 092 нафар), Испания (208 389), Италия (187 327), Франсия (159 877), Германия (150 648), Британияи Кабир (133 495), Туркия (98 674), Эрон (85 996) ва Чин (82798) дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: