Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Тоҷикистонро шарики муҳими Арабистони Саудӣ дар минтақа номид

Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд- Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Тоҷикистонро шарики муҳими Арабистони Саудӣ дар минтақа номид
Дар робита ба ин, Ходими ҳарамайни шарифайн ба масъулони девони подшоҳӣ, раиси Маҷлиси Шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои марбута дастур дод, ки барои суръат бахшидани масъалаҳои ҳалталаб ва рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон, хусусан дар самти густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкории мамлакат, инчунин тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ беш аз пеш густариш меёбанд.
«Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун бо Арабистони Саудӣ бори дигар изҳор менамоем»,-гуфт Ш. Зуҳуров.
Таъкид шуд, ки ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир намудани ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Ал-Риёз, рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ҳамоиши соҳибкорону сармоягузорон ва тоҷирони ду кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки дар таҳкими муносиботи ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамзамон доир ба кумакҳои башардӯстонаи Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳоҷиёни тоҷик ва дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои сиёсию молиявии минтақа, назири Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки исломӣ оид ба рушд, ки дар онҳо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нақши муҳим дорад ва ҳамзамон Фонди Саудии рушд ва Маркази Подшоҳ Салмон оид ба кумакҳои башардӯстона ибрози назар намуда, миннатдорӣ баён кард. Бо дахли густариши робитаҳои байнипарлумонӣ Шукурҷон Зуҳуров сафарҳои баландпояи ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудиро ба давлатҳои ҳамдигар унсури таркибии маҷмӯи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории созандаи байни ду кишвар арзёбӣ намуд.
Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд боздиди ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ин сафар барои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямон фазои мусоид фароҳам меорад. Дар фарҷом Салмон ибни Абдуазиз оли Сауд ба миллати тоҷик суботи пойдор ва ба кишвари Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: