Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст

havo_0.jpgДар ҷумҳурӣ имрӯз, 6 апрел ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст.
Имрӯз дар аксари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳавои номусоиди боронӣ боқӣ мемонад. Дар манотиқи кӯҳии кишвар раъду барқ дар назар дошта шуда, таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ мемонад.
Дар роҳҳои кӯҳии кишвар бошад, хавфи омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад.
Пешгӯӣ мешавад, ки ҳарорати ҳаво рӯзона 4-7 дараҷа ва шабона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»