Сафири Тоҷикистон ба Президенти Муғулистон эътимоднома супорид

Дар Қасри президентии шаҳри Улан Батор 15 ноябр Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорж Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулустон бо қароргоҳаш дар шаҳри Остона Назирмад Ализодаро барои қабули эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни маросими эътимодномасупорӣ, Назирмад Ализода паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорж расонда, эътимодномаи худро тақдим намуд.
«Дар мулоқот Президенти Муғулистон ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳ ва пешравӣ орзу намуда, инчунин омодагии кишвари худро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан муфид изҳор кард»,-таъкид намуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: