Акрамшо Фелалиев, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон: «Терроризм ба дини мубини ислом ягон робита надорад»

Акрамшо ФелалиевТавре қаблан иттилоъ дода будем,муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ /СҲИ/ дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш қарор дорад.  

Имрӯз А.Фелалиев дар кори нишасти 41-уми кумитаи иҷроияи ин иттиҳод, нуҳумин нишасти кумитаи мазкур оид ба масъалаҳои Фаластин иштирок намуда, сухан кард. Мавсуф афзуд, ки «ягон давлати дунё бо  терроризм ва экстремизми ҷаҳони муосир наметавонад дар танҳоӣ истодагарӣ намояд. Маълум аст, ки терроризми байналмилалӣ дину мазҳаб ва миллату сарҳад надорад. Мутаассифона, доираҳои муайяни сиёсиву сиёсатмадорон ба татбиқи сиёсати «меъёрҳои духӯра» даст зада, аз номи поки дини мубини Ислом суиистифода менамоянд, ки ин зуҳуроти хатарзоро касб кардааст».

А. Фелалиев афзуд, ки қазияи Фаластин ва баҳсҳо атрофи Байтулмуқаддас имрӯз дар ҳама сатҳҳо садо медиҳанд. Тоҷикистон аз ҳамаи кӯшишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба таҳким ва пойдории сулҳу субот дар Ховари Миёна ва вусъати раванди музокирот оид ба танзими вазъи минтақа равона гардидаанд, дастгирӣ мекунад.

Таъкид шуд, ки қарорҳое, ки дар ҷаласа қабул мешаванд, ба раванди ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи ҳамкории кишварҳо дар доираи СҲИ ба манзури фароҳам овардани имкониятҳои бештар, мусоид ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои сифатан нав, аз ҷумла дар самти дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои мавҷуда ва пешгирии баҳсу мухолифатҳои имконпазир, барқарор намудани эътимоди мутақобила ва ноил шудан ба сулҳу субот  мусоидат хоҳанд кард.

АМИТ «Ховар»