Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кан Чже Квон нусхаи эътимодномаи худро супорид

15 июли соли 2019 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кан Чже Квон нусхаи эътимодномаи худро ба муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар заминаи омодагӣ ба нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст 15-17 июли соли 2019 баргузор гардад, табодули назар карданд.

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Ҷумҳурии Кореяро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: