Занони Рӯшон маҳорати худро дар бунёди боғдорӣ месанҷанд

Сокини маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назархотун Раҷаббекова, ки зиёда аз 30 соли ҳаёти худро ба таълими насли наврас бахшидааст, чанд сол пеш ба нафақа баромад ва ба боғдорӣ машғул шуд. Ҳамроҳи ҳамсараш яке аз боғҳои кӯҳнаро, ки масоҳаташ як гектару 600 ҳиссаро ташкил медод, ба иҷора гирифта, атрофи онро панҷара кашиданд. Тамоми дарахтони пирро бурида, ба ҷои онҳо зиёда аз ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни мевадор шинонданд. Ҳоло онҳо ҳамасола то 18 тонна мева ҷамъоварӣ намуда,  аз фурӯши меваи дарахтон маблағи кофӣ ба даст меоранд.

Бояд гуфт, ки дар боғҳои ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавсими ҷамъоварии ҳосили дарахтони мевадор оғоз ёфт. Таъми хушу таркиби беолоиши намудҳои мухталифи себ тоҷирони бозорро водор намуд, ки худ ба ҷустуҷӯ ва хариди себ бароянд. Аксарияти боғдорон мегӯянд, ки ду соли охир аз бозорнишинӣ раҳоӣ ёфтаанд ва акнун себи боғашонро яклухт ба тоҷирон мефурӯшанд. Баъди тавсеа ёфтани тиҷорати меваҷот дар бозори дохилӣ занон тасмим гирифтанд, ки маҳорати худро дар ин шуғл бисанҷанд.

Аксаран худи соҳибкорон меваи дилхоҳашонро чида, ба бозор мебароранд.

Ба гуфтаи Назархотун Раҷаббекова, баъзе аз соҳибкорон аввали баҳор барои хариди мева бо вай шартнома мебанданд ва тирамоҳ омада, ҳосилашонро пурра мегиранд.

Ин зани боғпарвар ҳоло мақсад дорад, ки дар канори боғаш барои нигоҳдории меваҷот сардхона бунёд кунад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ӯ барои бунёди сардхона қитъаи замин ҷудо кардааст.

Тибқи иттилои бахши кишоварзии ноҳияи Рӯшон, соли равон дар ҳудуди ин ноҳия зиёда аз 6 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда шинонда шуда, қариб 10 га боғоти кӯҳна аз нав барқарор ва зиёда аз 9 га боғҳои нав бунёд гаштанд. Дар барқарорсозии боғоти кӯҳна ва бунёди боғҳои нав саҳми соҳибкорони инфиродӣ, ба монанди Назархотун Раҷаббекова хеле калон аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: