Сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург

Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард. Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Россия бо даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/  Валентина Матвиенко сурат гирифтааст.

Интизор меравад, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парламумонии Созмони  Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/, ки рӯзҳои 11 ва 14 марти соли ҷорӣ доир мегарданд, иштирок менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати парлумонии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода, Ҷӯрахон Маҷидзода ва Олим Салимзода шомиланд.

АМИТ "Ховар"