РӮЗНОМАНИГОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН – ДАР ДУШАНБЕ. Шоми имрӯз онҳоро дар даромадгоҳи шимолии пойтахт бо садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд

Шоми имрӯз гурӯҳи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба  шаҳри Душанбе  ташриф оварданд. Онҳоро дар даромадгоҳи шимолии пойтахт муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода ва ҳамкасбони тоҷикистониашон зери садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд.  Дар ин бора аз ҷои воқеа хабарнигорони АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА ва Ҷасур АБДУЛЛО иттилоъ доданд.

Пагоҳ, 9 август дар толори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» мулоқоти намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо  рӯзноманигорони ӯзбек  баргузор мегардад.

Тавре директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода  дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт,  «нахуст  ҳампешагони мо бо фаъолияти ТВ «Варзиш» ошно гардида, пасон оид ба таассуроти сафари худ бо ҳамқаламони тоҷикистонӣ табодули назар мекунанд».

Хотиррасон менамоем, ки  сафари гурӯҳи намояндагони ВАО-и Ӯзбекситон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз 1 то 4 авгутси соли равон як ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи аҳли илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон аз шаҳрҳои Тошканд аа Самарқанд боздид намуда, бо аҳли зиёи Ӯзбекистон дидору мулоқот анҷом доданд.

Ҳадафи сафар омодасозии маводҳо ва наворҳо барои воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/  Ӯзбекистон  дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тарғиботи анъанаҳои дӯстии миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шиносоӣ бо шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Суратҳои Тоҳир САИДЗОДА /АМИТ «Ховар»/

АМИТ «Ховар»

 
Tags: