Рушди соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, тиҷорат, кишоварзӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Франсия баррасӣ гардид

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуэдар мулоқот намуд. 
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, тиҷорат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Боиси зикр аст, ки миёни Тоҷикистону Франсия 13 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ, сохтмони инфрасохтори фурудгоҳӣ, мудофиа ва бехатарии дохилӣ ташкил медиҳад.
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкату корхонаҳои Франсия, аз ҷумла Airbus, Alstom, Auchan, Coyne et Bellier, Total, Gemalto, Isover Saint-Gobain, LOreal, Michelin, Nutristar ва Sofreco фаъолият мекунанд.
Дар 9 моҳи соли 2016 ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Франсия 11 056,7 ҳазор долл. ИМА-ро (воридот 11 000,1 ҳазор долл. ИМА ва содирот 56,6 ҳазор долл. ИМА) ташкил дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: