Сели азим дар Рашту Ашт ба роҳу пулҳо осеб расонд

Бар асари резиши борони шадид ва сели азим, ки баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе, 28 июл ба амал омад,  пули деҳаи Қалъанаки Ялдумичи ноҳияи Рашт ва қисмате аз заминҳои кишт зери об монданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.
Ба иттилои хадамоти наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сел ба километраҳои 16-25-30-юми роҳи Ҳойит-Назарайлоқи ин ноҳия низ хисорот ворид намудааст.
Худи ҳамон рӯз дар натиҷаи борони селосо дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳансой ва Панғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ ҳудуди 10-15 километр роҳ зери об монда, қисман ду хонаи истиқоматӣ, 5 мошин ва як чойхона зарар дидаанд.
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, ки хушбахтона, дар ин офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар айни замон дар маҳалҳои офатзада комиссияҳои маҳаллӣ барои бартарафсозии оқибатҳои он ба кор шурӯъ кардаанд.

Tags: