Роҳи самти Хоруғ-Ишкошим кушода шуд

23 апрел дар мавзеи Пишпарини Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, ки бар асари канда шудани кӯҳпора роҳи самти Хоруғ-Ишкошим маҳкам гардида буд, охирин корҳои таркишӣ анҷом дода шуда, ҳаракати нақлиёт тавассути ин мавзеъ барқарор карда шуд.
Тавре Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, заҳматҳои шабонарӯзии кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят, идораҳои роҳнигоҳдорӣ ва мутахассисони таркишгар натиҷаи хуб ба бор оварда, сарфи назар аз боришоти пай дар пай ва хатари ҳарлаҳзаинаи фаромадани сангчарх кӯҳпораи азиме, ки ҳаҷми он 6,5 ҳазор кубро ташкил медод, дар фурсати на он қадар зиёд бо анҷом додани корҳои таркишӣ ва ҷалби техникаҳои роҳнигоҳдорӣ тоза карда шуд.
Дар баробари кормандони сохторҳои масъул чун нишони ҳамкории самарабахши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бахши хусусӣ, соҳибкорони маҳаллӣ низ дар тоза намудани кӯҳпора ва баркарор намудани ҳаракати нақлиёт тавассути ин мавзеъ саҳмгузорӣ намуданд. Аз ҷумла, соҳибкор аз шаҳри Хоруғ Мамадбек Мамадбеков бо дастрас кардани техникаи роҳнигоҳдории хусусӣ ба вусъати кори роҳнигоҳдорон мусоидат намуд. Натиҷаи чунин дастгириҳо буд, ки роҳи нақлиётгарди самти Хоруғ-Ишкошим кушода шуд.
Ҷиҳати ҳарчӣ зудтар барқарор намудани ҷӯйи обгузари ин мавзеъ, ки тавассути он сокинони наздик ба мавзеи Пишпарин заминҳои киштро обёрӣ мекунанд ва он дар натиҷаи фаромадани кӯҳпора аз истифода баромадааст, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ба масъулини шуъбаи Агентии беҳдошти замин дар вилоят ва Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов супоришҳои мушаххас дод.

АМИТ "Ховар"