РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОН. Сокинони Норак дар ҷашни Наврӯз зиёда аз даҳ ҳазор нафарро дар хонаҳояшон меҳмондорӣ менамоянд

НоракСокинони шаҳри Норак дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам зиёда аз даҳ ҳазор нафар меҳмонони ҷумҳуриро  дар хонаҳои худ пазироӣ менамоянд. 

Корманди бахши САҲШ-и шаҳри Норак  Фарзона ЛУТФУЛЛОЗОДА  дар робита ба ин ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Субҳониддин МАҲМУД  чунин иброз намуд: «Сокинони шаҳри мо бо меҳмоннавозӣ маъруфанд. Дар ҷашни Наврӯзи имсола, ки бори аввал бо иштироки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак баргузор мегардад, мо, сокинони шаҳр даҳ ҳазор нафарро дар хонаҳои худ меҳмондорӣ менамоем. Барои ин дар шаҳр корҳои омодагӣ, бунёдкорию созандагӣ, таҷдиду навсозии иншоот ба пешвози иди ниёгонамон рӯз аз рӯз вусъат ёфта, ҳамагон талош бар он доранд, ки ин ҷашни байналмилалиро бо дастоварду комёбиҳои назаррас пешвоз бигиранд».

Ёдовар мешавем, ки имсол ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак баргузор мегардад. Айни замон тамоми хурду бузурги шаҳр барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни Наврӯзи Аҷам ба созандагию бунёдкорӣ ва гулпӯш намудани маркази шаҳр машғул мебошанд.

АМИТ «Ховар»