Коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Норак фурӯши либосҳои ягонаи мактабиро бо нархҳои дастрас ба роҳ монданд

То имрӯз волидайни 4655 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак аз коргоҳҳои дӯзандагии «Бонувон», ҶДММ «Дӯстӣ», ҶСК «Бофандаи Норак» ва ҶДММ «Олимхони хуҷандӣ» барои фарзандонашон бо нархҳои дастрас  либосҳои мактабӣ харидаанд.  Дар асоси шартнома миёни муассисаҳои таълимии шаҳри Норак ва корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ, корхонаҳои мазкур  дар соли хониши 2017- 2018 барои  7065 нафар хонанда либосҳои мактабӣ омода мекунанд.
Ҳукмиддин Нарзуллоев,  мутахассиси ҶСК «Бофандаи Норак» гуфт, ки «мо то имрӯз 11 ҳазору 140 адад либосҳои мактабиро  ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ва 2559 ададро ба хонандагони  мактабҳои шаҳри Норак  бо нархҳои дастрас ва сифати хуб пешниҳод намудем. Хушбахтона, имсол таваҷҷуҳи хонандагону падару модарон ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ зиёд гардидааст, ки ин қобили дастгирӣ аст».
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Норак,  беш аз 12 ҳазор нафар хонандагони  муассисаҳои таълимии шаҳр соли нави  хонишро бо либосҳои ягонаи мактабӣ оғоз менамоянд.

АМИТ "Ховар"