Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ даъват менамояд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии муассисаҳои тиббии пойтахт ва фаъолияти кормандони соҳаи тандурустии шаҳр аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодяшонро мустақиман тавассути «Viber» ва «Whatsapp» бо телефони рақами 985-95-22-22 ва почтаи электронииdushanbe80@yahoo.com ба унвони Раиси шаҳри Душанбе ирсол намоянд.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: