Раиси палатаи болоии парлумони Озарбойҷон ба Тоҷикистон омад

ТВТ.12.09.2022. Шоми рӯзи 10-уми сентябр Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова ва ҳайати парлумонии ин кишвар ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Тавре дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати парлумонии Озарбойҷонро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни сафари худ Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова бо шахсони воломақоми Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

Tags: