Раддияи маркази матбуоти ҚС КДАМ ҶТ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, соати 02.00-и 21-уми августи соли ҷорӣ, зимни амалиёти муштараки марзбонони тоҷик ва Шӯъбаи КДАМ ҶТ дар минтақаи сарҳадии «Сайёд»-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи 9-нафараи қочоқчиёни афғон, ки кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, пешгирӣ гардид.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ҷасади ду қочоқчии афғон ёфт гардида, 1 адад силоҳи оташфишони АКМ-7,62, 6 адад тирдон бо 180 дона тири қутраш 7,62,  1 дона норинҷаки  РГД-5 мусодира карда шуд. Ҷасадҳо расман ба намояндагии мақомоти сарҳадии ҶИА баргардонида шуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо изҳори таассуф таъкид медорад, ки  хабари мазкурро баъзе расонаҳо, аз ҷумла “Азия-Плюс”, “Озодагон”, “Авеста”, “Тоҷикистон”, “Спутник” ва ғайра, ба таври ғалат шарҳ дода, кочоқчиёни безараргардонидашударо ба ҷангиёни гурӯҳи «Толибон» нисбат додаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо тамоми масъулият изҳор медорад, ки амалиёти мазкур танҳо як ҳодисаи пешгирии кирдори ҷинояткоронаи қочоқчиён буд.

Дар робита бо ин, аз кулли расонаҳо бо ҷиддият тақозо мегардад, ки минбаъда зимни истифодабарӣ аз хабарҳои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба сӯистифода ва таҳрифи маълумоти расмӣ роҳ надиҳанд.

Tags: