Норак: Мулоқот ба хотири пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ

13 октябри соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо мақсади баррасӣ намудани мавзӯъҳои мубрами рӯз бо аҳолии чамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, иштироки ҷавонон дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ, амалишавии қонунҳо ва дигар масъалаҳо ибрози назар карданд.
Зимни мулоқот аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми неруи хешро барои ободии марзу буми аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона созанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: