Путин дар бораи таҳияи созишнома оид ба ташкили системаи муштараки мудофиаи зиддиҳавоӣ бо Тоҷикистон амр содир кард

Президенти Россия Владимир Путин дар бораи таҳия ва имзои созишнома бо Тоҷикистон оид ба ташкили системаи муштараки минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии ду кишвар амр содир кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, ин санад рӯзи душанбе дар махзани расмии интернетии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.

«Пешниҳоди ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи имзои созишнома байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили системаи муштараки минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ қабул гардид», — омадааст дар санад.

Гуфта мешавад, ки масъулияти музокирот ва имзои созишнома бо иштироки Вазорати корҳои хориҷии Россия ба зиммаи Вазорати мудофиаи ФР вогузор шудааст.

«Ба Вазорати мудофиаи Россия супориш дода шавад, ки бо ҷониби Тоҷикистон бо иштироки Вазорати корҳои хориҷии Россия гуфтушунидҳо анҷом диҳад ва баъди ба даст омадани созиш, созишномаи зикршударо аз номи Федератсияи Россия имзо карда, ислоҳотеро, ки аз ҷониби ҳукумати ФР тасдиқ шудаанд, ба лоиҳаи он ворид намояд», — гуфта мешавад дар амр.

27 апрел вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу зимни музокирот бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо дар Душанбе гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи сарҳади давлатӣ дар фазо лоиҳаи созишнома дар бораи таъсиси системаи муштараки минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии ду кишвар омода карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: