Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Имрӯз, 22 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. 

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман  пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  17-22 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то  1 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ аз 3-8 то ба 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона  2-7 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 хунук ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"