Президенти Тоҷикистон аз тамоюлҳои ҷаҳонии тағйирёбии иқлим изҳори нигаронӣ карданд

Дастрасӣ ба хизматрасониҳои боэътимод ва арзони энергетикӣ барои беҳбуд бахшидани некӯаҳволии мардумони мо аҳамияти калидӣ дорад. Мо бар он назарем, ки бо мақсади таъмини дастёбии устувор ба энергия бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ ба зиёд кардани ҳиссаи истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тоза ва барқароршаванда мусоидат ва маблағгузорӣ кард”. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС  дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС, ки 5 сентябри соли равон  дар шаҳри Сямени Чин  баргузор гардид, баён карданд.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон,  рушди маҷмӯии гидроэнергетика — қисми ҷудонашавандаи  «неруи сабз» — якҷоя бо истифодаи иқтидори дигар навъҳои энергияи барқароршаванда ба таъмини амнияти энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ дар кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард. Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон ба рушди соҳаи гидроэнергетикии худ, ки иқтидори бузург дорад ва ба мо имкон медиҳад, ки ҳар сол то панҷсаду сӣ миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол намоем, аҳамияти бузург медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки тамоюлҳои ҷаҳонии тағйирёбии иқлим ва тақвияти таназзули захираҳои табиӣ, офатҳои табиӣ ва техногении гуногун ба таври ҷиддӣ ба кӯшишҳои мо барои расидан ба рушди устувор халал мерасонанд.  Дар ин росто тадбирҳои самарабахш барои паст кардани оқибатҳои ин тамоюлҳо тақвияти кӯшишҳоро барои гузариш ба «иқтисодиёти сабз» дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талаб мекунанд. «Тадбирҳое, ки дар ин самт бояд андешида шаванд, сармоягузории воқеиро ба инфрасохтор ва истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла технологияҳои рақамиро оид ба кам кардани фарогирии энергия ва маводи истеҳсолӣ тақозо мекунанд. Агар шарикӣ ба ин самтҳои муҳим равона гардад, пас метавон дар роҳи расидан ба рушди устувор ба пешрафти ҷиддӣ ноил шуд»,- изҳор доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон.

АМИТ "Ховар"