Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанберо ба ҳузур пазируфт

Имрӯз, 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, ки бо сафари расмӣ дар Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА» хабар медиҳад.

Дар оғози мулоқот Президенти Ӯзбекистон рушди босуръати муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Ӯзбекистону Тоҷикистонро дар солҳои охир бо қаноатмандии махсус зикр намуд.

Таъкид шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлати  бародар пешрафти ҳамкории ҳамаҷониба миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин ба сатҳи шарики стратегӣ баровардани онҳо таъмин гардид.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ӯзбекистон барои истиқбол изҳори сипос намуда, паёми шодбошӣ ва таманниёти самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонид.

Зимни суҳбат паҳлӯҳои амалии густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни пойтахтҳои ду давлат- Душанбе ва  Тошканд  баррасӣ шуданд.

Масъалаи ба роҳ мондани муколамаи мунтазам дар чунин  самтҳо, ба монанди табодули таҷриба дар идоракунии шаҳрӣ ва рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва барномаҳои ҳамгироии фарҳангиву гуманитарӣ дар асоси «харитаи роҳ» мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: