Аз 6 то 9 апрел дар шаҳри Бишкеки кишвари Қирғизистон «Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021» доир мегардад, ки дар он 11 варзишгари шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ – Рамзӣ Шамиров низ Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё муаррифӣ мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия 2021:
| Вазн: | Иштирокчӣ: |
| -48кг | Шукрона Карчиева |
| -52кг | Аҳлия Мӯъминова |
| -52 кг | Фазилат Гулбоева |
| -60 кг | Шаҳбоз Саидабуроров |
| -73 кг | Сомон Маҳмадбеков |
| -81кг | Акмал Муродов |
| -81кг | Ҳақназар Назаров |
| -90 кг | Комроншоҳ Устопириён |
| -90 кг | Ҷаҳонгир Маҷидов |
| +100 кг | Темур Раҳимов |
| +100кг | Хуршед Маҷидов |
Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг; Мардон: -60, -66 кг
Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг; Мардон: -73, -81 кг
Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг; Мардон: -90, -100, +100 кг
Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)
Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.
АМИТ «Ховар»

