Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

qasri_millat.jpgФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод намудани Шарифзода Ш.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарифзода Шариф Файз бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 марти соли 2017
№858

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси шаҳри Хуҷанди
вилояти Суғд таъин намудани
Муҳаммадзода М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Муҳаммадзода Маъруф раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 марти соли 2017
№859

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Истаравшани вилояти Суғд
озод намудани Набизода Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Набизода Наим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 марти соли 2017
№860

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд
таъин намудани Иноятзода Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Иноятзода Баҳром иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 марти соли 2017
№861

www.president.tj