Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии давлатҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олӣ, ки 14 ва 15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла имконияти афзоиши ҳаҷми гардиши молро муҳокима намуданд.

Аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкории ду давлат ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд доир шуд.

Tags: