Дастури Пешвои миллат вобаста ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин мегардад

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ Азим Иброҳим ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро баргузор гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат бо қаноатмандӣ иттилоъ дод, ки дар натиҷаи таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро ва масъалагузориҳои ҷиддӣ дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти хӯроквории ба саломатӣ хатарнок ва пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, аз муомилот баровардани маҳсулоти пастсифати гӯштӣ, тухм, қаннодӣ, равғани нахл (палма) ва дигар маҳсулоти истеъмолие, ки ба саломатии аҳолӣ зараровар мебошанд, пешгирӣ шудаанд ва дар асоси ҳисоботи оморӣ воридоти ин навъи маҳсулот коҳиш ёфта, саҳми истеҳсолкунандагони ватанӣ дар таъмини бозори дохилӣ аз рӯи аксари номгӯи маҳсулоти хӯроквории сабади истеъмолӣ тамоюли рӯ ба афзоиш дорад. Гарчанде ба ҳар роҳу восита, аз ҷумла қочоқ равғани нахл ба мамлакат ворид мегардад ва он ҳам назорати ҷиддитарро тақозо дорад.

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зикр намуд, ки новобаста аз ин дастовардҳо ҳоло ҳам дар бозори истеъмолӣ мушкилоти зиёде ҷой доранд ва бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа масъулини соҳа вазифадор мебошанд, ки фаъолияташонро дар ин самт боз ҳам тақвияти бештар бахшанд.

Аъзои Шӯро ва масъулини соҳа вобаста ба ҳолатҳои сирояти аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти дар шароити хона тайёргардида, тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ тариқи ВАО, тартиби дар корхонаҳои ватанӣ ҷорӣ намудани стандартҳои ISO ва низоми бехатарии НАССР, таҳия ва таҷдиди санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмини корхонаҳо бо Регламентҳои техникӣ, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои маҳсулоти хўрокворӣ барои гузаронидани ташхиси мутобиқат ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои номатлуби заҳролудшавӣ ибрози ақида намуданд.

Раиси Шўро дар доираи баррасии масъалаҳо оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аъзоро ба воқеънигорию масъулиятнокӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандорию бетафовут набудан ба саломатии аҳолии мамлакат, мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон даъват намуд.

Муовини Сарвазир  мусоидат намудан ба бахши хусусӣ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба стандартҳои ISO, НАССР ва Global GAP гузаштани истеҳсолоти онҳоро кафолати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳамзамон гузоштани заминаи устувор барои баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат шуморид.

Дар ҷаласа Нақшаи кории Шўро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои шашмоҳаи якуми соли 2020 муҳокима ва қабул карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: