Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор: «Мо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем»

Барои таъсиси Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор  Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимбозидааст  ва имрӯз сазовори дастгирии ҳамаҷонибаи  бонки мо мебошад. Ин   матлабро имрӯз Президенти Бонки Осиёии СармоягузориҳоиИнфрасохторӣ Ҷин Личун пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон иброз намуд. 

Номбурда  гуфт: «Мо аллакай амалисозии баъзе лоиҳаҳоро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудем.     Лоиҳаҳои беҳтар намудани  вазъи роҳ миёни   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва    таҷдиди НБО «Норак» аз ҷумлаи онҳоянд. Ин лоиҳаҳо   барои рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳаётан муҳим мебозанд».

Тавре Ҷин Личун мегӯяд, «мо  Стратегияи миллии  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба  дастгирӣ менамоем. Стратегияи мазкур барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо нақши хеле бузург дорад. Ба ин хотир,  мо дар  амалисозии  ин ҳуҷҷати муҳим  бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоем».

Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки «имрӯз мушкилот  зиёд ва  талаботу захираҳо  ниҳоят бузург мебошанд.  Лекин ман боварӣ дорам, ки  таҳти роҳбарии бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати софдилонаи мардум ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат метавонад Стратегияи миллии рушди худро бо муваффақият  амалӣ намуда, некуаҳволии мардумро  дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд».

Зикр шуд, ки  Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор    оянда дар  доираи ҳамкорӣ      робитаҳоро   барои дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дигар ташкилотҳои байналмилалии  молиявӣ, ба монанди  Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки аврупоӣ  оид ба таҷдид ва рушд  давом дода, дар ин доира    лоиҳаҳои мушаххасро  амалӣ менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личун мулоқот намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: