Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Имрӯз дар Қасри миллат мулоқоту музокироти сатҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор мегарданд.
Ҳамчунин имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст.
АМИТ «Ховар»