Имрӯз дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе вобаста ба корҳои таъмирӣ интиқоли барқ қатъ мегардад

Кормандони соҳаи энергетика ба зимистон омодагӣ мебинанд ва корҳои таъмирию хизматрасонии техникиро мутобиқи нақша дар зеристгоҳҳои трансформатории шаҳри Душанбе ба анҷом мерасонанд. Вобаста ба ин, имрӯз, 26 октябр аз соати 09:00 то 16:00 дар баъзе кӯчаҳо ва шаҳракҳои пойтахт интиқоли қувваи барқ қатъ мегадад. Дар ин бора аз  «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Дар вақти муайяншуда барқ дар кӯчаҳои Зеҳнӣ, Дӯстии халқҳо, Крупская, Чапаев, Ҳофизи Шерозӣ ва Қаҳҳоров қатъ мегардад. Ҳамзамон дар тӯли ин вақт дар шаҳракҳои Меҳробод ва Шараф низ рӯзона барқ дода намешавад.

«Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ дар баъзе маврид интиқоли барқ то вақти муайяншуда оғоз меёбад», – изҳор доштанд дар  «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе».

АМИТ «Ховар»

Tags: