Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суҳроб Қурбонзода аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Рустам Мирзомуродзода ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳамчунин, сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба таъйин гардиданд.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти зикргардида фаъолияти соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии ҳамагуна қонунвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва ёдовар шудан ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ супориш доданд, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.

Tags: