Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: 21-22 апрел фаромадани сангрезаву кӯҳпораҳо ва тарма дар назар аст

Мутобиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар 21-22 апрели соли ҷорӣ аз  сабаби боришоти зиёд дар ҷумҳурӣ таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ бошад хавфи омадани сел, лағзиши замин,  махсусан дар ҳудуди ВМКБ фаромадани сангрезаву куҳпораҳо ва фаромадани тарма  вуҷуд дорад.

Вобаста ба ин Кумита  аз аҳолии кишвар хоҳиш менамояд, ки  ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ, хусусан шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ эҳтиёткор бошанд.

Шаҳрвандон бояд дар ин рӯзҳо то  ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хавфнок,  ҷамъоварии  ҳезум ва шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ кунанд.

АМИТ "Ховар"