Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 августи соли 2023 дар шаҳри Ашқобод дар Нишасти сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Сердар Бердимухамедов ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, обу экология, нақлиёт ва дигар соҳаҳои мавриди манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ рушди устувори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судмандро бо Туркманистон ва Узбекистон ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар ин робита иброз гардид, ки тавсеаи ҳамаҷонибаи минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони се давлат буда, ба пойдории сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлати мо ҳамзамон таъкид намуданд, ки ба шарофати фазои мусоиди сиёсӣ, ки тайи солҳои охир ташаккул ёфтааст, дар паҳнои Осиёи Марказӣ раванди фаъоли тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ идома дорад, ки ба рушди устувори давлатҳо замина мегузорад.

Дар робита ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва обу иқлим Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои бойи гидроэнергетикии худ ҳадаф гузоштааст, ки истеҳсоли энергияи «сабз»-ро  рушд диҳад ва омода аст дар ин соҳа бо кишварҳои минтақа минбаъд низ ба таври фаъол ҳамкорӣ намояд. Зимни ҷалби таваҷҷуҳ ба тағйирёбии иқлим дар солҳои охир Президенти Тоҷикистон ба аҳамияти ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ишора намуданд, ки ба манфиатҳои умум хизмат мекунанд ва аз пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархурдор мебошанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ин ба истифодаи босамари иқтидори се давлат дар бахши нақлиёт, ки метавонад минбаъд низ ба таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ мусоидат кунад, даъват намуданд. Дар зимн Сарвари давлати мо аз ташаккули долонҳои тиҷоративу транзитии авлавиятнок дар самти шарқу ғарб ва шимолу ҷануби давлати мо, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд, ёдовар шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои Нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон  қабул гардид.

Tags: