Пардохти роҳкиро дар хатсайрҳои автобусҳои №1, №7 ва №43 тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 1 феврали соли 2019 дар хатсайри автобуси №1 (кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Чимтеппа) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора  аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки аз ин рӯз ба баъд дар хатсайри автобуси №7 (Терминали «Шарқ-транс» — маҳаллаи Дилшод) ва №43 (Терминали «Шарқ-транс»- Маркази ташхиси техникӣ) низ пардохти роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ роҳандозӣ карда мешавад.

«Шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва ронандагони автобусҳо дастрас намоянд», — иттилоъ дод манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки  шурӯъ  аз   1 апрели соли равон  дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе —  автобусу   троллейбус  пардохти роҳкиро  пурра     ба шакли  ғайринақдӣ, дар айни замон  ба воситаи  корти ягонаи  «Cityсard» ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани  корт барои 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус   барои донишҷӯён 30 фоиз,  барои дигарон 15 фоиз  тахфиф  пешниҳод мешавад.

АМИТ «Ховар»