Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Имрӯз мулоқоти Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии Талай Асилбеков доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо идомаи ҳамкориро дар соҳаи инфрасохтори мунисипалӣ, бахусус бахшҳои гармидиҳӣ, хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ, поккории санитарии ҳудудҳо (тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ), обтаъминкунӣ ва ғайра ҳамаҷониба таҳлил намуда, роҳу усулҳои рушду тавсеаи робитаҳоро муайян карданд.
Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.

АМИТ "Ховар"