дзюдо

Ёқубҷон Назиров дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия соҳиби медали тилло гардид

Паҳлавони ҷавони  тоҷик  Ёқубҷон Назиров 14-15 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардид.

Комроншоҳи Устопириён дар «Grand-Prix Antalya 2018» соҳиби медали тилло гардид

Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии дзюдо («Grand-Prix Antalya 2018»), ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми 8 апрел анҷом ёфт, зимни  рақобат дар вазни 90 кило медали тилло ба даст овард. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Хорватия ширкат меварзанд

Аз 18 то 22 октябри соли равон дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон доир мегардад.

Страницы