Пагоҳ Форуми «Боғҳои Россия ва ИДМ-2020» тариқи онлайн баргузор мегардад

8 июл Форуми «Боғҳои Россия ва ИДМ» тариқи онлайн баргузор мегардад. Иштирокчиёни корхонаҳои соҳавии мамлакатҳои гуногун сармоягузорӣ, технология ва инноватсия, инчунин ҳамкорӣ бо таъминкунандагони минтақавӣ ва байналмилалии технологияҳои пешрафтаи соҳаи боғпарвариро муҳокима хоҳанд кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ташкилкунандагон итминон доранд, ки ин шакл имкон медиҳад, ки муоширати корӣ, мубодилаи афкор ва таҷриба, таҳияи қарорҳои зиддибӯҳронӣ дар реҷаи вақти воқеӣ ва бехатар сурат гирад.

Дар чорабинӣ ҳамасола 500 нафар намояндагон аз боғҳои калони саноатӣ, токзорҳо, плантатсияҳои мевагӣ ва ниҳолхонаҳо иштирок мекунанд.

Самтҳои асосии кори онлайн – форум 2020: иртиботи мустақим бо коршиносони соҳаи тиҷорат, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории боғпарварон дар кишварҳои ИДМ, ҷаласаи пленарии стратегӣ ва муҳокима оид ба рушди соҳа бо назардошти стратегияи зиддибӯҳронӣ мебошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: