Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Иди харбуза ва тарбуз баргузор мегардад

Пагоҳ, 7 сентябр дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди харбуза ва тарбуз баргузор мегардад.  

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Уроқов зикр кард, дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросим ҳар сол баргузории идҳои харбуза, тарбуз ва асал дар минтақаҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.

Имсол аз оғози моҳи август дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ Иди харбуза ва тарбуз гузаронида шуд. Беҳтарин харбузаю тарбузпарварони мамлакат ба  шаҳри Душанбе роҳхат  гирифта, пагоҳ маҳсулоти кишоварзии худро  ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Яке аз тадқиқотчиёни олами набототи Тоҷикистон, олими барҷастаи рус,  академик Н. И. Вавилов иброз доштааст, ки харбуза зироати қадимии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, шимоли Афғонистон ва Эрон мебошад. Аз 500 навъи харбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш карда мешавад, 230  навъаш номи тоҷикӣ дорад, ки ин гувоҳи ватани харбуза будани Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон макони қадимаи харбузакорист. Хатлону Қабодиён, Хуҷанду Истаравшан ва Панҷакент ҳанӯз дар асрҳои 3 ё 4-и мелодӣ бо харбузаҳои хуштаъму ширини худ машҳур буданд.
Кишорварзон барои харидорон чунин тавсия медиҳанд: харбузаи пухтарасида ҳама вақт бӯйи хуш дошта, вазнинтар аст. Аз ин сабаб пеш аз харидан онро бӯй кашед. Дар хотир дошта бошед, ки дар ҳарорати гарми ҳаво бӯйи хуши харбуза низ зиёд мешавад. Барои он ки хато накунед, харбузаро дар ҳавои гарм харидорӣ намоед.

Инчунин думчаи харбузаи пухтагӣ хушкшудатар мебошад. Пӯчоқи қисми нӯги он тунуктар мешавад ва ҳангоми бо ангушт задан садои паст дорад. Агар пӯчоқи харбуза аз ҳад зиёд тунук бошад, пас он аз ҳад зиёд пухта гузаштааст.

  

Мутахассисон ба дӯстдорони тарбуз чунин тавсия медиҳанд, ки тарбузи болаззатро охирҳои моҳи август ва аввали моҳи сентябр дастрас кардан мумкин аст. Зеро дар ин вақт бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин тарбузҳо бе илова кардани селитра пухта расидаанд.

Тарбузро пас аз харидан метавонед бо собун шуста, бо оби гарм чайқонед. Ҳангоми шустани тарбуз то чӣ андоза пухта будани онро муайян кардан мумкин аст. Агар тарбуз даруни об ғӯтида равад, донед, ки тарбуз хом аст, агар рӯйи об барояд, пас пухтагӣ аст. Баробари корд задан тарбузи пухта мекафад. Ранги донакҳояш қаҳваранги сиёҳчатоб мешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯз аз рӯи 4 номинатсия – «Беҳтарин хоҷагии харбуза ва тарбузпарварӣ», «Беҳтарин дастурхони маҳсулоти аз харбуза ва тарбуз омодашуда», «Беҳтарин гӯшаи маслиҳатдиҳӣ барои кишоварзон» ва «Калонтарин харбуза ва тарбуз»  гузаронида шуда, ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои Вазорати кишоварзӣ тақдим карда мешаванд.

Инчунин барномаи фарҳангӣ ва оростани гӯшаи намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ  баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки  дар ин рӯз навъҳои беҳтарини асал низ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд, то сокинон ва меҳмонони пойтахт тавонанд аз маҳсулоти табиии ватанӣ бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
АМИТ «Ховар»

Tags: