Дар ноҳияи Ванҷ бар асари афтидани санг мошин ба дарёи Язгулом чаппа шуд

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106», марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва 3 нафар мусофири он хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Будун ба самти деҳаи Андарбак-Жамаг, дар мавзеи Приони ноҳияи Ванҷ аз баландии 100 метр санг фаромада, ба мошини мазкур бархӯрдааст.

Тавре гуфта мешавад,  дар натиҷаи чунин ҳодисаи нохуш мошин ба дарёи Язгулом чаппа шуда, ғарқ гардидааст. Баъди гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ронанда дарёфт гардида, ҷасадҳои се нафар мусофирони мошин: ду нафар марди 48-сола ва ҷавони 24-солаи сокинони ноҳияи Ванҷ то ҳол дарёфт карда нашудаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои дарёфти ҷасадҳо корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Tags: