Осорхонаи таърихии «Қалъаи Балҷувон» бунёд гардид

Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон осорхонаи таърихии «Қалъаи Балҷувон» сохта шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, «бинои таърихӣ бо хиштҳои пухта ороиш дода шуда, даромадгоҳои он аз ҷониби кандакорони боҳунар ороиш ёфтааст».
«Дар назар аст, ки иншооти фарҳангӣ рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад»,-зикр намуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: