Коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Ваҳдат 22 ҳазор адад либоси мактабӣ омода кардаанд

Коргоҳҳои дӯзандагии «Мижгона» ва «Мафтуна»- и шаҳри Ваҳдат дар маҳаллаю деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр бо иштироки масъулини муассисаҳои таълимӣ ярмаркаи фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ доир менамоянд. Либосҳои мазкур бо сифати хуб ва дӯхти ватанӣ тайёр карда шуда ва қиматаш аз 80 то 120 сомонӣ муайян гардидааст, ки нисбат ба нархи бозор арзон мебошад.
Тибқи иттилои муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Майсара Назарбекова, аз 65 ҳазору 644 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр то имрӯз 28 ҳазору 338 нафар соҳиби либоси ягонаи мактабӣ гардидаанд.
Дар соли 2016 Раёсати маорифи шаҳр дар якҷоягӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо коргоҳҳои дӯзандагии «Мижгона» ва «Мафтуна» барои таъмини 40 ҳазор нафар хонанда бо либоси ягонаи мактабӣ шартнома баста, айни замон барои харидории либосҳои мазкур бо падару модарон суҳбат доранд.
Дар коргоҳҳои дӯзандагӣ 22 ҳазор либос барои фурӯш омода шудаанд. То кунун  аз ин теъдод 6 ҳазор либосро харидаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: