Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ва гузоштани санги асос барои бунёди мактаби замонавӣ

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Восеъ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят ва ноҳия, хосса сокинони заҳматқарини ноҳияи Восеъ бо самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.

Дар заминаи сиёсати бунёдкорона сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ нахуст бо гузоштани санги асос барои бунёди Мактаби наву замонавӣ оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои бунёди Муассисаи таҳсилоти муёнаи умумӣ расман оғоз бахшиданд.

Дар асоси лоиҳа, мактаби нав барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нақшаи сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб дар заминаи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 7200 метри мураббаъ сохта мешавад.

Мувофиқи лоиҳа, бинои мактаб 2-ошёна буда, дар он тамоми имконоти зарурии таълим аз рӯи стандарти муосир муҳайё мегардад.

Тарҳи мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдончаҳо барои машқҳои озод ва бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол иборат буда, тибқи он бунёди синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла утоқҳои ҳунаромӯзӣ низ муҳайё карда мешавад.

Дар асоси лоиҳа ҳамзамон дегхона, анбори сӯзишворӣ ва зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ, ки аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии лоиҳакашӣ тартиб ёфтааст, Сарвари давлат масъулинро ба татбиқи босифати лоиҳа ҳидоят намуда, дар самти риояи талаботи меъморӣ, аз ҷумла сифати сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: