Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Шоми рӯзи 30 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин партавафшонӣ доштанд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ мулоқотҳои судманд анҷом медиҳанд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро тақрибан 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад.