Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 — ошёнаи «Роҳи абрешим» дар шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» санги асос гузоштанд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов бо харҷи 60 миллион сомонӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Дар маҳалли сохтмони иншоот нахуст ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди иншооти муосири миллии тиҷоратӣ муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур аз 16 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои он маркази савдо, маъмурият, утоқҳои корӣ ва толорҳои конфронс барои гузаронидани ҳамоишҳои тиҷоратӣ бунёд мегарданд. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Масоҳати умумии замини зери сохтмон 4 ҳазору 400 метри мураббаъ мебошад. Фармоишгар ва пудратчии бунёди иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мабдаи Нур» буда, лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком ва компания»-и шаҳри Душанбе таҳия шудааст.

Инчунин маҷмааи мазкур дорои меҳмонхона, таваққуфгоҳ барои 92 нақлиёт, толори варзишӣ, спа-салон бо маркази солимгардонии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 30 нафар ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Бунёди маҷмаа ба симои шаҳр ҳусни тоза зам мекунад, зеро дар вақти сохтмон сохтани майдончаҳои бозии кӯдакона, гулгашт бо гулу буттаҳою дарахтони ороишӣ ва фаввораҳо ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба соҳибкорони ватанӣ арзи сипос карда, онҳоро барои боз ҳам бештар дӯст доштани Ватан ва идомаи бунёдкорӣ ҳидоят карданд.