ОБУ ҲАВО: ҳарорат дар аксар манотиқи Тоҷикистон рӯ ба пастшавӣ меорад

Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ то 2 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар дошта шудааст. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то охири моҳи сентябр боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 25 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда мешавад, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст гардида, гармӣ рӯзона ба 33 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, рӯзона 28 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 19 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят 12 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 31 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт, шаҳри Душанбе 30 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

АМИТ "Ховар"