Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва борон дар назар аст

Имрӯз, 15 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо борон дар назар дошта шудааст. 

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо боридани борон пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6-8 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар водиҳо тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳию наздикӯҳӣ боридани борон ва барфро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва боридани борон   (шабона дар баландии 2500 метр барф) пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 3-8 ва рӯзона ба 9-14 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва боридани борон пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"