ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон дар баландиҳои 3000 метр барф меборад

Имрӯз ҳаво дар  Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар доманакӯҳҳо боридани борону барф дар назар аст. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири моҳи сентябр боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 22  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст мегардад, гармӣ рӯзона ба 34  дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст мешавад ва рӯзона ба 33, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 25 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро  «ваъда» мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи боронӣ пешбинӣ шуда, дар баландии 3000 метр боридани барф  дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят 22-27 дараҷа гарм мешавад.     Дар шарқи вилоят ҳавои ноустувор ва ҳарорати паст пешгӯӣ шуда, гармӣ дар ин мавзеъ ба 15 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 34 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат 33 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Tags: